18 Апрел 2025 - 21:07
Source: Parstoday
Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба чодарҳои оворагони фаластинӣ ; Ҳадаф қарор гирифтан 3 танки Меркаваи Исроил

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин « Ҳамос » , бар омодагии ин ҷунбиш барои дастёбӣ ба тавофуқи комилу таваққуфи ҷангии Ғазза таъкид кард.

Бар асоси иттилооти фош шуда , миёнҷиҳои мисрӣ ва қатарӣ як феҳристи шомили шурӯти ҷадиди « Бинёмин Нитонёҳу » нахуствазири режими саҳюнистиро ба ҷунбиши Ҳамос таҳвил додаанд то марҳалаи ҷадиди аз музокирот пеш равад . Ин шурӯт , шомили мавзӯъоте чун теъдоди усаро , ҳувияти онҳо ва бозаи замонии озодишон аст , аммо хатарноктарин бахш , шартӣ аст ки аз Ғамос мехоҳад барои баррасии поёни ҷанг , ибтидои силоҳи худро таҳвил диҳад . Ба гузориши Порс тудей ва ба нақл аз Ирно , « Басем Наим » , аз раҳбарони аршади ҷунбиши Ҳамос , рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки ин ҷунбиш омодааст дар қолаби як музокираи воҳид , ба тавофуқии ҷомеъ даст ёбад ; тавофуқе., ки шомили ота баси пойдор , хурӯҷи комили нерӯҳои ишғолгар аз Борикаи Ғазза , бозгушои гузаргоҳҳо ва оғози раванди бозсозӣ бошад . « наим » афзӯд : Танҳо омили боздоранда дар баробари таҳаққуқи ин тавофуқ , Нитонёҳу , ва Кабина ифротии ӯст ки манофеи шахси  ва ҳизбиро бар масолеҳи инсонӣ ва минтақаӣ тарҷеҳ медиҳанд.

Маҳкӯмияти сукути байналмилалӣ дар баробари ҷиноёти Исроил дар Рӯзи асири фаластинӣ

Дар ҳамин робита Ҳамос ба муносибати 17 апрел , Рӯзи асири фаластинӣ баёнияе  содир кард . Дар бахше аз ин баёния омадааст : Ҳамзамон бо рӯзи асири фаластинӣ озодии усаро аз зиндонҳои душман дар садри авлавиятҳои мо дар тавофуқи Тӯфони Алаҳрор қарор дошта ва мо ҳамаро ба иқдоми ҷаҳонӣ барои пирӯзии онон даъват мекунем . Мо масъӯлияти комили зиндагӣ ва саломати ҳазорон фаластинии рабӯда шуда аз Борикаи Ғазза аз 7 октябри 2023 ва тамоми усарои фаластинӣ дар зиндонҳои режими ишғолгарро мутаваҷҷеҳ онон медонем ва сукути байналмилалӣ дар баробари идомаи ҷинояти эъдом ва қатли амдӣ ки дар маърази он қарор дорандро маҳкӯм мекунем .

Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба чодарҳои оворагони фаластинӣ

Аз сӯйи дигар , теъдоди қурбониёни ҳамалоти ҳавои режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ки аз бомдоди панҷшанбе оғоз шуда , ба 23 шаҳид ва даҳҳо захмӣ расидааст . Паҳподҳои исроилӣ дар се ҳамлаи ҷудогона дар манотиқи мухталифи Ғазза , чодарҳои оворагони фаластиниро ҳадаф қарор доданд ки даҳҳо шаҳиду маҷрӯҳ дар пай дошт . Манобеи пизишкӣ эълом карданд ки 7 фаластинӣ дар ҳамлаи паҳподӣ ба чодари оворагон дар урдӯгоҳи Ҷабалиа дар шимоли Ғазза ба шаҳодати расиданд . Дар шаҳраки « Бейт Лаҳия » дар шимоли Ғазза низ 6 узви як хониводаи фаластинӣ дар пайи ҳамлаи мушобеҳе, ки чодари оворагонро ҳадаф қарор дод , ба шаҳодат расиданд . Ҳамчунин дар минтақаи Хон Юнус дар ҷануби Ғазза , пайкарҳои беш аз 15 шаҳид , умдатан аз занону кӯдакон , аз зери овор берун кашида шуд . Ин ҳамлаи мустақим ба чодарҳои оворагон мунҷар ба оташсӯзӣ ва сӯхтани аҷсод ва маҷрӯҳон шуд . Дар ҳамлаи дигаре, ки таҷаммуъи шаҳрвандони фаластиниро дар ғарби Deir al Balah дар маркази Боркаи Ғаззаи ҳадаф қарор дод , як нафар ба шаҳодат расиду шуморӣ захмӣ шуданд .

Ҳадаф қарор додани 3 танки Меркаваи Исроил дар шарқи Ғазза тавассути « Алқассом »« гардонҳои Алқассом »

Шохаи низомии Ҳамос низ аз ҳадаф қарор додан 3 танки Меркаваи режим дар шарқи Ғазза хабар дод . Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи Исно , гардонҳои Алқассом эълом кард муҷоҳидони ин гардонҳо , се танки « Меркава 4 » артиши режими саҳюнистиро дар наздикии бемористони Ouafa дар шарқи маҳаллаи Алтфоҳ дар шарқи шаҳри Ғазза бо ракетҳои зидди зареи Ёсини 105 ҳадаф қарор додааст .

Ҳушдори Ҳамос ва ҷиҳоди исломӣ дарбораи таъаррузи мукаррарии саҳюнистҳо ба Масҷидул Ақсо

Дар ҳамин ҳол , ҷунбишҳои Ҳамосу Ҷиҳоди исломии Фаластин , бо ҳушдор дарбораи ҳамалоти мукаррари саҳюнистҳо ба Масҷидул Ақсо , ин иқдомро тавҳин ба муқаддасоти уммати исломӣ донистанд ва аз кишварҳои арабӣ ва мусулмон хостанд ба масъӯлиятҳояшон дар дифо аз ин масҷид дар муқобили хатари яҳудисозӣ амал кунанд .

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha